Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Афғонистон се низомии амрикоӣ кушта шуд


осори мошини таркида
осори мошини таркида

Дар Афғонистон се низомӣ ва як коршарики низомиён бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ дар наздикии пойгоҳи низомии НАТО кушта шуданд. Масъулияти ҳамлаеро, ки рӯзи 8 апрел дар назди пойгоҳи ҳавоии Багром рух дод, Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Пойгоҳ дар 50-километрии шимоли Кобул ҷойгир аст. Дар ин ҳодиса се сарбози дигари амрикоӣ маҷрӯҳ шуда, бо кӯмаки тиббӣ фаро гирифта шуданд. Сарҳанг Девид Батлер, сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфт, ки бомбаи ҷойшуда дар дохили мошин дар наздикиҳои низомиёни НАТО инфиҷор кард. Бар асоси муқаррароти вазорати дифои ИМА, исми низомиён то замони ба хешовандон маълум шудани онҳо нашр намешавад.

XS
SM
MD
LG