Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи аз кор рондани 133 нозири андозро дар ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд рад кард.
Ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо раиси нозироти андози ноҳияи мазкур аз мақом барканор шудааст.
Чанд рӯз пеш расонаҳо навиштанд, ки 133 нозири андоз дар ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд бо дастури президент Шавкат Мирзиёев аз кор ронда шудаанд.
4 апрел дар як ҷаласа бо ҳузури Мирзиёев мақомоти андози Ӯзбекистон ба хотири таъмин накардани даромади буҷа танқид шуниданд.
Дар пайи он ҷаласа Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон якбора 133 корманди андози ноҳияи Шайхонтаҳурро аз мақом барканор кард.
Дар ҷаласаи рӯзи 4 апрел гуфта шудааст, ки аз 11 ноҳияи шаҳри Тошканд 7 ноҳия нақшаи андозро иҷро накарда ва аз ин ҳисоб буҷаи давлат бештар аз 61 млн долларро аз даст додааст. Ба ин далел, ба иттилои расмӣ, роҳбарони андози чанд ноҳия аз мақом барканор шуданд.