Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 11 ноҳияи Қазоқистон доруҳои ройгонро ба сокинон надодаанд


Сокинони 11 ноҳияи Қазоқистон доруҳои ройгонеро, ки ба маблағи 4,3 миллиард танга ҷудо шуда буд, дарёфт накардаанд. Дар ин бора раҳбари кумитаи дорусозии Вазорати тандурустии Қазоқистон Людмила Бюрабекова хабар дод.

Ба гуфтаи Бюрабекова, Вазорати тандурустии Қазоқистон баҳори соли 2018 пас аз шикояти сокинон дар мавриди дарёфт накардани доруҳои ройгон санҷишеро анҷом дод.

Дар натиҷа ҳолатҳое ошкор шудааст, ки бемор доруро дарёфт накардааст, вале дар саҳифаи "Низоми иттилоотии Таъмини доруҳо" қайд гашта, ки дарёфт кардааст.

"Дар 11 ноҳияҳи Қазоқистон аз соли 2016 ва 2017 ба маблағи 4,3 миллиард танга (беш аз 11 миллион доллар) дору боқӣ монда, вале расман гуфта шудааст, ки ҳамаи доруҳо тақсим шудаанд. Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда беш аз 20 парвандаи ҷиноӣ боз гашт", - афзуд Бюрабекова.

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ахиран дар Твиттер хабар дод, ки ба соҳаи тандурустии ин кишвар беш аз як триллион танга ҷудо карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, сокинони ноҳияи Қазоқистон ҳанӯз ҳам дар дарёфти одитарин хадамоти тиббӣ мушкил доранд.

XS
SM
MD
LG