Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Тирмиз ду нафар ба ҳалокат расиданд


Дар натиҷаи таркиши як бинои нави бисёрошёнаи зист дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон ду кас ҷон бохт. Дар Идораи оташнишонии шаҳр гуфтанд, ки сокинон ба бинои мазкур нав кӯчида дунанд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфт, сӯхтор соати 11:30-и рӯзи 8 апрел дар таҳхонаи бинои рақами 10-и кӯчаи Алишер Навоӣ, дар анбори ширкати шаҳрванд Б. И. -- Fasad Diyor рух дод.

Ба иттилои додситонӣ, таркиш пас аз он ба амал омадааст, ки шаҳрвандон Р. И. ва Р. А. ба таҳхона ворид шуда, барқро рӯшан карданд. Дар анбор газ ҷамъ шуда буд.

Дар иттилоияи додситонӣ гуфта шудааст, ки Р. И. ва Р. А. ҷон бохтаанд ва Идораи санҷиши ҷиноятҳои вазнини Додситонии кулли Ӯзбекистон ҳодисаро тафтиш дорад.

XS
SM
MD
LG