Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп раиси Хадамоти махфии ИМА-ро аз мақом барканор кард


Президенти ИМА Доналд Трамп раҳбари Хадамоти махфии Амрико Рэндолф Аллесро аз мақомаш барканор кард. Аллес як рӯз пас аз истеъфои вазири амнияти дохилии ИМА Кирстен Нилсен барканор шуд.

Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс гуфт, ба ҷои Аллес Ҷеймс Мюррей раиси Хадамоти махфии ИМА таъйин хоҳад шуд. Мюррей афсари хадамоти мазкур аст.

Трамп ҳамчунин эълом кард, ки раҳбари Хадамоти гумрук ва марзҳои ИМА Кевин Макалинан пас аз истеъфои Нилсен муваққатан вазифаи вазири амнияти дохилиро иҷро хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG