Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 сарбози афғон дар Бодғис кушта шуданд


Бар асари даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар вилояти Бодғис воқеъ дар ғарби Афғонистон, 12 сарбози афғон кушта шудаанд. Даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон аз 5 рӯз ба ин тараф дар Бодғис идома дорад.

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи душанбеи 8-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфт, ки дар 24 соати гузашта 12 тан аз нерӯҳои амниятӣ дар ноҳияи Боло Мурғоби вилояти Бодғис ҷон додаанд. Бо кушта шудани ин 12 тан, шумораи умумии кушташудаҳои нерӯҳои интизомии Афғонистон дар ин 5 рӯз ба беш аз 40 тан расид. Дар ин хабарномаи артиши Афғонистон омадааст, ки 10 сарбози артиш ва 24 корманди пулис захмӣ шудаанд.

Вазорати дифои Афғонистон айни замон гуфтааст, ки наздик ба 100 ҷангҷӯи гурӯҳи Толибон низ дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

Садҳо тан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон шаби чаҳоршанбеи гузашта ба ноҳияи Боло Мурғоб ҳамла бурданд ва чандин постгоҳҳоро тасарруф карданд. Нерӯҳои афғон ва НАТО давоми рӯзҳои шанбе ва якшанбе чанд ҳамлаи ҳавоӣ дар ин минтақа анҷом доданд. Ноҳия ё вулусволии Боло Мурғоби вилояти Бодғис дар марз бо Туркманистон воқеъ аст.

XS
SM
MD
LG