Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко аз Зеленский рӯзҳои мухталифи мунозираи пешазинтихоботиро пешниҳод карданд


Президенти Украина Петро Порошенко гуфт, ки омода аст бо рақиби интихоботиаш Владимир Зеленский дар мунозираи пешазинтихоботӣ иштирок кунад ва аз ӯ даъват кард, ки рӯзи 14 апрел дар варзишгоҳи марказии Олимпийский мулоқот кунанд. Бар асоси қонунҳои интихоботии Украина, номзадҳои аслии интихоботӣ бояд ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ бо ҳам мунозираи телевизионӣ барпо кунанд, вале маълум шуд, ки варзишгоҳи Олимпийский рӯзи 19 апрел банд будааст. Даври дуюм ва ҳалкунандаи интихобот 21 апрел баргузор мешавад.

Вале рӯзи 8 апрел Зеленский тавассути муроҷиати фейсбукӣ гуфт, ки мунозира бояд дар таърихи аз ҷониби қонун муқарраршуда, яъне 19 апрел баргузор шавад.

Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳии даври аввал, Владимир Зеленский бо беш аз 30 дар сад аз Петро Порошенко, ки наздики 16 % гирифтааст, пешсаф аст.
Ҳафтаи гузашта Зеленский Порошенкоро ба чолиш кашид ва аз ӯ тақозо кард, ки ҳамроҳ аз санҷиши хун гузаранд. Ҳадаф маълум кардани ин буд, ки то куҷо хуни ҳарду номзад аз нишонаҳои спирт ва маводи мухаддир пок аст. Ҳарду номзад ҳам аз озмоиш гузаштанд ва Порошенко даъвати баргузор кардани мунозираи пешазинтихоботӣ дар варзишгоҳро ҳам қабул кард.

Рӯзи 7 апрел Порошенко гуфт, ки омода аст озмоиши навбатии хунро дар назди оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ гузарад, чун бархе президенти амалкунандаро дар он муттаҳам карданд, ки озмоиши ӯ дар як лабораторияи тақаллубии Киев анҷом шудааст. Зеленский дар як озмоишгоҳи хусусӣ хун супурд.

XS
SM
MD
LG