Президенти муваққатии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 7 апрел дар Твиттер хабар дод, ки барои соҳаи тандурустии ин кишвар беш аз як триллион танга ҷудо шудааст.
Ҳамасола 7 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ таҷлил мешавад. Имсол он ба мавзуи фаро гирифтани ҳамаи хидматрасониҳои тандурустӣ бахшида шуда буд. Дар Қазоқистон барои соҳаи тандурустӣ 1 триллиону 180 миллиард танга (ҳудуди 3 миллиарду 105 миллион доллар) ҷудо шудааст. Вале ин кофӣ нест.
Ба гуфтаи Тоқаев, сокинони баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон ҳанӯз ҳам одитарин хидматрасониҳои тиббиро бо мушкил дарёфт мекунанд. Дар навоҳии ин кишвар ҳаҷми доруҳои ройгоне, ки аз ҳисоби давлат ба сокинон тақсим мешавад, коҳиш меёбад.
Вазири тандурустии Қазоқистон Елжон Биртанов пештар гуфта буд, ки "норасоии дору мушкили ҳамасола аст".