Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комисияи Аврупо: эҳтимоли хориҷшавии бе қайду шарти Бритониё зиёдтар аст


Эҳтимоли бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо бидуни созиш зиёдтар мешавад. Дар ҳамин ҳол, Брюссел огоҳ нест, ки роҳи хориҷшавии Бритониё аз иттиҳод кадом аст, гуфт Юрки Катайнен, муовини раиси Комисияи Аврупо.

Ба бовари вай, хориҷшавии "тунд"-и Бритониё эҳтимол дорад, зеро порлумони Бритониё ҳеч роҳи хориҷшавиро аз иттиҳод пешниҳод намекунад.

Пештар аз ин Ҷеймс Слак, намояндаи сарвазири Бритониё низ амалкарди порлумони кишварашро танқид кард. Вай гуфт, қатъномаи ба таъхир гузоштани хориҷшавии Бритониё, ки ахиран вакилон қабул карданд, дар ниҳоят ба хориҷшавии бе қайду шарти Бритониё аз иттиҳод боис мешавад.

Ибтидо Бритониё мебоист 29 март аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад. Баъдтар вакилони Бритониё розӣ шуданд, ки онро то 12 апрел ба таъхир гузоранд.

Ахиран Тереза Мэй, сарвазири Бритониё гуфт, умед дорад, хориҷшавии Бритониё то 22 май ба таъхир гузошта шавад. Иттиҳоди Аврупо ин мавзуъро 10 апрел баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG