Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 5 апрели ҳукумати кишвараш вазъи гузаргоҳи марзии "Оқтилек - Автодорожний"-ро бо Қазоқистон шарҳ дод.
"Мо талаб мекунем, ки созишномаҳои дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё басташуда иҷро шаванд. Ман се маротиба бо сарвазири Қазоқистон гуфтугӯ кардам. Интизор дорем, ки натиҷаи гуфтугӯҳоро дар рӯзҳои наздик бубинем", - гуфт Абилғозиев.
Дар гузаргоҳи марзии "Оқтилек - Автодорожний" бештар аз 200 мошини борбар ҷамъ шудааст. Тафтиш аз 19 март ба ин тараф пурзур шуд.
Дар охири моҳи март мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки ҷамъшавии мошинҳо дар марз бо Қирғизистон ба он рабт дорад, ки "мошинҳои борбар намехоҳанд аз тафтиш гузаранд".
Вазорати иқтисоди Қирғизистон мақомоти Қазоқистонро дар вайрон кардани созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё айбдор кард. Русия, Арманистон, Белорус ва Қазоқистону Қирғизистон узви ин созмон ҳастанд.