Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Нетаняҳу дар мавриди Каронаи Ғарбӣ пеш аз интихобот


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Нахуствазири Исроил гуфт, агар дар интихоботи рӯзи 9-уми апрел пирӯз шавад, минтақаҳои Каронаи Ғарбиро ба хоки кишвараш ҳамроҳ хоҳад кард.

Бенямин Нетаняҳу дар ин бора рӯзи 6-уми апрел ва дар посух ба суоли шабакаи 12-и телевизиони Исроил изҳори назар кард.

Хабарнигори шабакаи 12 аз Нетаняҳу пурсид, дар ҳоле ки Исроил минтақаҳои гирифташуда дар ҷанги 1967, аз ҷумла Байтулмуқаддаси Шарқиро бо хокаш якҷоя сохтааст, чаро дар мавриди манотиқи Каронаи Ғарбӣ чунин тасмим нагирифтааст?

Нахуствазири Исроил гуфт, музокирот дар ин маврид оғоз ёфта ва дар остонаи иқдоми ҷиддӣ қарор дорад.

"Кӣ мегӯяд, ки мо ин корро нахоҳем кард? Мо дар роҳ ҳастем ва рӯи он баҳс мекунем. Оё мо дар марҳилаи баъдии гузор хоҳем кард? Посух бале аст. Ман ҳокимияти Исроилро васеъ хоҳам кард", - афзуд ӯ.

Каронаи Ғарбӣ марбут ба Фаластин аст ва дар он шаҳракҳои яҳудинишин сохта шудаанд. Дар Каронаи Ғарбӣ 400 ҳазор исроилӣ дар паҳлӯи тақрибан се миллион фаластинӣ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG