Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тереза Мей хост, ҷудоии Бритониёро аз ИА ба таъхир гузоранд


Тереза Мей
Тереза Мей

Тереза Мей, нахуствазири Бритониё, дар номае аз Доналд Туск - раиси Шӯрои Аврупо - хостааст, ки тарҳи ҷудоии кишвараш аз ин иттиҳодияро то охири моҳи июн ба таъхир гузорад.

Ин дар ҳолест, ки дар заминаи хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо кадом муомила тасвиб нашудааст ва бар асоси зарбулаҷали кунунӣ ин тарҳ бояд дар 12-уми апрел амалӣ шавад.

Бино ба гузоришҳо, раиси Шӯрои Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки ба Бритониё як сол фурсат диҳанд. Доналд Туск гуфтааст, дар сурате ки созиш ҳосил шавад, Бритониё метавонад, ки пеш аз як сол аз иттиҳодияи Аврупо берун равад.

XS
SM
MD
LG