Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Тоҷикистон ширкатҳои нави муштарак таъсис медиҳанд


Акс аз вебсайти http://uza.uz
Акс аз вебсайти http://uza.uz

Вебсайти gazeta.uz рӯзи 4 апрел навишт, ки ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар шаҳри Тирмизи Узбекистон таҳти раҳбарии нахуствазирон ҷаласаи шашуми байниҳукуматии комиссиюни тиҷоративу иқтисодӣ баргузор карданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Қоҳир Расулзода ва Узбекистонро Абдулло Орипов раҳбарӣ карданд. Дар ин нишаст созишномаи тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва мухобирот, энергетика, фарҳанг ва кишоварзӣ ва масоили дигар имзо шуд. Азия-Плюс навишт, ки ҷонибҳо ба афзоиши табодули молу коло, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони додугирифти молу коло миёни ду кишвар дар нӯҳ моҳи соли 2018 ба тақрибан 220 миллион доллар расидааст ва дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Муносибатҳои ду кишвар дар паи сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 комилан тағйир ёфт. Мирзиёев дар ин сафараш гуфт, ки як ҳадафи калон то ба 1 миллиард доллар расонидани мизони додугурифтҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар мебошад.

Ин ду кишвар, ки созишномаи шарикии стратегиро имзо карданд, ба тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо таъкид карданд. Дар сафари Мирзиёв ва ҳайати ҳукуматаш даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф имзо шуд, вале коршиносон лағви раводиди сафар ба муддати 30 рӯз миёни ду кишварро муҳимтарин дастоварди ин сафарҳо медонанд.

То моҳи марти соли 2018 барои убури марз бо Узбекистон сокинони Тоҷикистон муваззаф буданд, ки визаи ин кишварро дошта бошанд ва танҳо баъди санҷиши гумрукиву марзбонӣ метавонистанд ба дохили кишвар ворид шаванд.

Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Дар ин муддат додугирифти ду ҳамсояи девор ба девор ба нуқтаи поинтарин расида буд.

XS
SM
MD
LG