Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги фоҷиавии хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ


Амонмурод Бугаев, хабарнигори 68-солаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар як садамаи нақлиёт кушта шуд. Ин ҳодиса субҳи 3 апрел рух дод. Вай бо сафари корӣ ба вилояти Балкан равона буд.

Дар оғози солҳои истиқлоли Туркманистон вай роҳбари Бунёди адабии Туркманистон буд. Дар солҳои гуногун ҳамчунин ба ҳайси муҳаррири телевизион ва муҳаррири нашрияҳо фаъолият кардааст.

Бештар аз 15 сол Бугаев бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт. Дар сафари охири кориаш Бугаев мехост, дар бораи обхезӣ дар вилояти Балкан гузориш нависад.

XS
SM
MD
LG