Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамони ҳамла ба метрои Петербург гуфтанд, ки шиканҷа шудаанд. ВИДЕО


Чанд муттаҳам дар ташкили таркишҳои пурхушунати метрои шаҳри Санкт-Петербург дар соли 2017 мақомоти тафтишотии Русияро дар шиканҷа айбдор карданд. Ин иттиҳом дар ҷараёни рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии 11 гумонбари ҳамлаи террористӣ рӯзи 2 апрел садо дод. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки яке аз ин гумонбарон дар як “зиндони махфӣ” тавассути нирӯи барқ ва дигар шаклҳо шиканҷа шуд.

Яна Теплитская, як узви гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи зиндониҳо ба вебсайти Mediazona бо такя ба Муҳаммадюсуф Эрматов гуфт, ки баъди боздошташ 5 апрели соли 2017 ин шахс мавриди шиканҷа қарор гирифт.

Эрматов ва 10 гумонбари дигар дар он муттаҳам мешаванд, ки бо бомбгузори маргталаб Акбарҷон Ҷалилов, як шаҳрванди Русия, ки аслан узбек аз Қирғизистон будааст, ҳамкорӣ кардаанд.

Дар таркиши метрои Санкт-Петербург, ки 3 апрели соли 2017 рух дод, 15 нафар кушта ва 67 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамаи гумонбарони содир кардани ин ҳамла зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд ва дар рӯзи аввали мурофиа дар додгоҳи низомӣ ҳамаашон гуфтанд, ки ҳеҷ гуноҳе надоранд.

Теплитская бо такя ба Эрматов гуфт, ки ӯ беш аз як моҳ дар фурсати пеш аз эълони расмии ҳабсаш дар як “зиндони махфӣ” дар дохил ваё берун аз Маскав нигаҳдорӣ шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ӯро бо нирӯи барқ шиканҷа карда, пайваста ба сараш халта меандохтанд, латукӯб мекарданд ва аз обу ғизо маҳрум мекарданд.

Ӯ гуфт, ки бародараш Иброҳимҷон Эрматов ҳам шиканҷа шудааст.

Феълан ин хабар аз ҷониби Хадамоти федеролии тафтишот ваё дигар сохторҳои интизомӣ шарҳ дода намешавад. Ду гумонбари дигар дар ташкили ҳамлаҳо – бародарон Аброр ва Акрам Азимовҳо ҳам гуфтанд, ки баъди боздошт шиканҷа шуданд.
Фаъолони ҳуқуқ ва ҳукуматҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ҳодисаҳои шиканҷаи гумонбарон аз ҷониби полис дар Русия хеле зиёд рух медиҳад.

Дар гузориши ҳуқуқи башари Департаменти давлатии ИМА, ки 13 март нашр шуд, гуфта шудааст, ки бархе ҳолатҳои шиканҷае, ки дар Русия аз ҷониби ходимони ҳифзи қонун раво дида мешавад, бо марг меанҷомад.

Додгоҳи муттаҳамони ҳамлаи террористии Санкт-Петербург дар соли 2017 шурӯъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

XS
SM
MD
LG