Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Туркия таҷҳизоти зарурии F-35-ро намефиристад. ВИДЕО


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ирсоли таҷҳизоти зарурӣ барои ҳавопаймоҳои ҷангии F-35-ро ба Туркия мутаваққиф кардааст. Сабаби он азми Туркия барои хариди системаи мушакии S-400 аз Русия будааст.

Хабаргузории “Рейтерс” мегӯяд, Амрико ирсоли баъзе аз таҷҳизотеро боздоштаанд, ки барои қабул ва омода кардани ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар Туркия заруранд. Баъзе аз манобеи дигар гуфтаанд, сухан дар бораи васоили тамриние меравад, ки халабонҳои турк дар онҳо идораи ҳавопайморо меомӯзанд.

Иёлоти Мутаҳҳида ба раҳбарони Туркия гуфтааст, ки системаи мушакии русӣ амнияти ҳавопаймои пешрафтаи онҳоро зери хатар мегузорад. Чун ба гуфтаи мутахассисон системаи русӣ, батадриҷ сирри аз радарҳо ноаён мондани ҳавопаймои амрикоиро меомӯзад.

Амрико ирсоли таҷҳизоти ҳавопаймои F-35 ро ба Туркия боздошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Қарордоди хариди чаҳор системаи S-400 бо арзиши дувуним миллиард долларро Маскав ва Анкара моҳи июли соли 2018 имзо карданд. Вашингтон мехоҳад, Туркия системаи амрикоӣ, вале гаронтари “Патриот”-ро бихарад. Аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон қарордод бо Русияро тағйир додан намехоҳад. Русия системаҳоро бояд тобистони соли оянда ба Туркия бидиҳад.

Анкара ду ҳавопаймои F-35-ро моҳи июни соли гузашта гирифт ва айни замон дар Туркия 800 қисму таҷҳизоти лозим барои ин ҳавопаймо истеҳсол мешавад. Манобеъ дар Амрико гуфтаанд, ки мумкин аст, Амрико истеҳсоли онҳоро ба дигар кишвар кӯчонад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дур кардани Туркия аз истеҳсоли F-35, бешак ихтилофҳо байни Амрико бо ин шарикашро зиёдтар мекунад. Ду тараф ҳоло дар масъалаи ҷанги Сурия, таҳримҳо ба зидди Эрон ва талаби истирдоди Фатҳулло Гулен рӯҳонии турки муқими Амрико ихтилофи назар доранд.

XS
SM
MD
LG