Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тухми мурғ дар Туркманистон камёфт шуд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон тухми мурғ камёфт шуд. Мағозаҳои давлатӣ фурӯши тухми мурғро маҳдуд кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҳоли ҳозир пушти дари мағозаҳо барои харидани тухм навбатпоӣ мушоҳида мешавад.

"Тухм дар мағозаҳои давлатӣ дар оғози рӯз бо арзиши пешин фурӯхта мешавад, аммо он зуд тамом мегардад. Одатан 12 дона тухм 4 манат фурӯхта мешуд, вале рӯзҳои охир 11 донаи он 5 манат ба фурӯш гузошта шудааст",-гуфт як сокини Ишқобод.

Тухми мурғ сар аз моҳи декабри соли гузашта камёфт шуд. Аз он замон то кунун фурӯши он маҳдуд шудааст. Мақомоти он кишвар камбуди тухм ва дигар маҳсулоти ғизоиро эътироф намекунанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон гуфтанд, соли 2018 ба хориҷ аз кишвар наздики 80 миллион дона тухми мурғ содир кардаанд.

Дар Туркманистон ҳамчунин камбуди орду нон мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG