Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко гуфт, ки интихобот “тақаллуб” шуд, вале натиҷаҳои овоздиҳиро мепазирад


Нахуствазири собиқи Украина Юлия Тимошенко, ки натавонист дар интихобот раъйи зиёд ба даст оварад ва танҳо дар мақоми сеюм ҷой гирифт, гуфт, бовар дорад, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ “тақаллуб шудааст”. Айни замон, ӯ гуфт, ки ният надорад ин натиҷаҳоро ба чолиш кашонад. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев рӯзи 2 апрел Тимошенко овоздиҳии рӯзи 31 мартро “рақобати байни хуб ва бад” унвон кард. Ӯ гуфт, “натиҷаҳо тақаллуб шуданд”. “Президент Петро Порошенко аз технологияҳое истифода кард, ки барояш роҳро ба даври дуюми интихобот боз кард”. Тимошенко гуфт, ки сабтином шудани як номзади дигар бо айнан номи ӯ (номзади мард), боиси сардаргумии овоздиҳандаҳо шуд.

Комиссиюни марказии интихоботҳои Украина рӯзи 2 апрел гуфт, ки баъди ҳисоби 98 дарсади баргаҳо маълум шуд, ки 30,24 % овозҳо ба тарафдории Владимир Зеленский ва 15,93 % ба манфиати Петро Порошенко дода шуданд. Дар ин овоздиҳӣ Тимошенко 14 %-и овозҳоро гирифтааст. Тимошенко дар ниҳоят гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро тавре ҳаст қабул мекунад ва ба раъйи мардум эҳтиром мегузорад.

XS
SM
MD
LG