Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Қирғизистон бо сокинони Оқсой мулоқот кард


Акс аз вебсайти http://www.gov.kg/
Акс аз вебсайти http://www.gov.kg/

Нахуствазири Қирғизистон дар суҳбат бо сокинони Оқсой, дар марз бо Тоҷикистон, гуфт, масъалаи аломатгузории сарҳади ду кишвар "роҳи ҳалли низомӣ надорад". Ӯ гуфт, ин масъала бояд аз роҳи машварат ва ҳамкории байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳаллу фасл шавад.

Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон навишт, ки мулоқои Муҳаммедқалий Абилғозиев бо сокинони Оқсой 1-уми апрел доир баргузор шудааст. "Хуб медонем, ки мушкили аслӣ масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ мебошад. Ин як масъалаи печида аст, ки талошҳои муштараки ҳарду кишварро тақозо мекунад. Ин масъаларо бояд аз роҳи созанда, на бо роҳи зӯр ҳал кард", - афзуд ӯ

Абилғозиев гуфтааст, дар натиҷаи муноқишаи марзии рӯзҳои 13 ва 14-уми март миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон музокирот баргузор ва як протокол имзо шуд. Ин санад бунёди роҳро дар қаламравҳои марзӣ ба ҳарду тараф иҷоза дода, бардоштани посгоҳҳои низомиро тақозо мекунад.

Дар муноқишае, ки барои сохтмони роҳе бархост, 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар маҷруҳ шуданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар ин ҳодиса се шаҳрванди он кишвар мзахмӣ шудаанд.

Таҳқиқи муштараки ҳодисаро додситонҳои кулли ду кишвар бар асоси 7 модда, аз ҷумла “куштор” ба роҳ мондаанд.

Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз он ҷо сар мезанад, ки аз беш аз 900 километр марз, беш аз 470 километри он аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG