Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои нозирони хориҷӣ ва сокинон ба интихоботи Украина. ВИДЕО


Март Ван Де Вен

Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, интихоботи Украина рақобатӣ буд, аммо орӣ аз камбудӣ набуд. Дар ин бора Март Ван Дер Вен, раиси нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, рӯзи душанбе суҳбат кард.

  • "Ҳамкорони ман гуфтанд, раъйдиҳӣ ором ва муназзам сурат гирифт. Мардум ҳаққи озоди интихоб доштанд. Айни замон мо шоҳиди номзадҳое шудем, ки бо истифода аз матбуот ва маблағ рақибонашонро ҳимоят мекарданд. Яъне, камбуд вуҷуд дошт ва ин боварии мардумро ба равандҳои демократӣ кам мекунад", - гуфт ӯ.

Дар интихоботи рӯзи 31-уми март дар Украина 39 номзад ба мақоми раиси ҷумҳур ширкат карданд. Комиссияи марказии интихобот гуфт, ки ҳаҷвнигор Владимир Зеленский ва раиси ҷумҳури феълӣ Петр Порошенко ба даври дувум роҳ ёфтанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нозирони байналмилалӣ: Интихоботи Украина аз камбудӣ холӣ набуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Шумориши беш аз 90 дар сади раъйи мардум нишон додааст, ки андаке бештар аз 30 дар сади мардум ба тарафдории Зеленский ва тақрибан 16 дарсад ба тарафдории Порошенко раъй додаанд. Комиссияи интихоботӣ гуфт, даври аввал бе қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифтааст.

Баъзе аз номзадҳо рӯзи якшанбе аз тақаллуб дар интихобот суҳбат карданд, вале ҳеҷ кадоме нагуфтаанд, ки натиҷаҳоро қабул надоранд. Баъзе аз сокинони Украина ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтанд, аз даври аввал қаноатманд ҳастанд.

Вадим Богаев, сокини шаҳри Киев гуфт, “ба назари ман, интихобот як навъ майдон буд. Майдони саввум. Ҳоло мо ояндаеро интихоб мекунем, ки баъди 10-15 сол мерасад. Кишваре, ки дар он фарзандони мо ва набераҳоямон зиндагӣ хоҳанд кард. Барои ҳамин, ман интихоботро мусбат мешуморам.”

Любов Теплова, ходими яке аз меҳмонхонаҳо мегӯяд, аз натиҷаи интихобот қаноатманд аст. “Ба Зеленский раъй додам, бисёр хуб буд. Усулан маълум буд, ки Порошенко ба даври дувум мегузарад. Интизор доштем, Тимошенко мегузарад. Ҳама чиз хуб гузашт”, - афзуд ӯ.

Елена Адаменко, сокини Киев гуфт, “албатта, Зеленский пешсаф аст. Ба дигар номзад умед доштам, вале умедворам ҳама чиз хуб мешавад.”

Даври дувуми интихоботи Украина рӯзи 21-уми апрел баргузор мешавад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG