Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи президентии Украина. ВИДЕО


Владимир Зеленский, Петро Порошенко ва Юлия Тимошенко - аз номзадҳои аслии интихоботи президентӣ дар Украина
Владимир Зеленский, Петро Порошенко ва Юлия Тимошенко - аз номзадҳои аслии интихоботи президентӣ дар Украина

Бархе аз шаҳрвандони Украина, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, аз имкони иштирок дар интихоботи президентии он кишвар маҳруманд. Онҳо барои раъйдиҳӣ бояд ба сафорати Украина дар Узбекистон раванд.

Муҳим он аст, ки аз манфиатҳои миллии Украина ҳимоят карда, ҷиҳатҳои мусбати кори президенти собиқро идома диҳад. Омилҳои манфии таъсиррасон дар пешрафти давлатро аз байн барад
Шокирҷон Ҳакимов

Се номзади калидӣ?

Олег Глубокий, шаҳрванди 49-солаи Украина, беш аз даҳ сол боз дар Душанбе кору иқомат мекунад. Ӯ соҳиби ягона тарабхонаи украинӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст ва ин шабу рӯз аз дур муборизаҳои пеш аз интихоботи президентӣ дар кишварашро пайгирӣ мекунад.

Дар сабқати президентии Украина номзадҳои зиёде иштирок доранд, вале аз нигоҳи Олег Глубокий, “танҳо се нафари онҳо калидӣ ҳастанд”. Ӯ аз Петро Порошенко, Юлия Тимошенко ва Владимир Зеленский ном бурд.

“Порошенко дар ҳолати мушкилӣ коре кард, ки Украина аз ҷиҳати моливу ҳарбӣ худро нигоҳ дорад. Чизе, ки ӯ карда натавонист, бештар ба фасод дахл дошт. Як дафъа дар интихоботҳои гузашта ба Тимошенко овоз дода будам. Номзади ношинохта Зеленский аст. Дар сурати умум, Украина дар як ҳолати номуайянӣ қарор гирифтааст”, - гуфт ӯ рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

  • Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

"Бояд ба Узбекистон бираванд"

Аммо Олег Глубокий аз он афсӯс мехӯрад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок карда наметавонад, то аз номзади писандидааш ҳимоят кунад.

Мақомоти сафорати Украина дар Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳрвандони он кишвар барои иштирок дар интихобот бояд ба сафорати Украина дар Узбекистон бираванд. Онҳо гуфтанд, “дар Душанбе нуқтаҳои раъйдиҳӣ боз намешавад”.

Олег Глубокий
Олег Глубокий

Маъракаи интихоботи президентии Украина рӯзи 31-уми декабри соли 2018 оғоз шуд ва даври аввали раъйдиҳӣ 31-уми марти соли 2019 баргузор мегардад. Ҳар номзаде, ки дар ин давр овози бештар гирад, ба даври дувуми интихобот роҳ меёбад. Агар интихобот дар як давр ҷамъбаст шавад, натиҷаи он рӯзи 10-уми апрел эълон мешавад.

Дар сурати дар даври аввал муайян нашудани ғолиб, даври такрории интихобот моҳи апрел баргузор мешавад. Дар ин сурат, натиҷаи интихобот якуми май эълон ва маросими савгандёдкунии президенти нав охири моҳи май доир мешавад.

Шанси кӣ бештар?

Пурсишҳои афкори умум шанси пирӯзии ҳаҷвнигори шинохта Владимир Зеленскийро бештар медонанд ва сиёсатмадорони ботаҷриба – нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко – ва президенти кунунӣ Петро Порошенко дар мақомҳои поинтар ҳастанд.

Украина яке аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ аст ва тоҷикистониҳо ҳам таҳаввулоти ин кишварро пайгирӣ мекунанд. Аммо аксари онҳо таҳаввулотро аз дурбин ва аз нақли ровиёни телевизионҳои Русия мебинанду мешунаванд, ки ба қавли коршиносон “якҷониба аст”.

Қишри муайяни огоҳ, ки ба интернет дастрасӣ ва имкони дидани хабару гузоришҳои алтернативиро доранд, мегӯянд, барояшон ҷолиб аст, ки ин дафъа кӣ ғолиб хоҳад шуд.

Пешбиниҳо дар Тоҷикистон

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократ ва вакили порлумон, мегӯяд, пешгӯӣ кардани интихоботи Украина душвор аст. Аммо тахмин мезанад, ки шанси пирӯзии раҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенко ва президенти ҳозира Петро Порошенко бештар аст.

“Номзадҳои боқимонда ба ду тараф майл мекунанд. Зеленский ва чанд тани дигар афроди шинохта нестанд ва аз сӯи кишварҳои хориҷӣ ва мардум низ пуштибонӣ намеёбанд”, - афзуд ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Таҳлилгарон мегӯянд, интихоботи Украина аз чанд лиҳоз, аз ҷумла бо номзадҳои алтернативии худ, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ намуна хоҳад буд. Вале Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, гуфт, мухолифи истифодаи номзадҳо ба ғарбгарову русгаро аст.

"Муҳим он аст, ки аз манфиатҳои миллии Украина ҳимоят карда, ҷиҳатҳои мусбати кори президенти собиқро идома диҳад. Омилҳои манфии таъсиррасон дар пешрафти давлатро аз байн барад”, - афзуд ӯ.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ваъдаҳои интихоботӣ

Дар интихоботи президентии Украина теъдоди рекордии номзадҳо иштирок мекунанд. Президенти кунунӣ Петр Порошенко яке аз номзадҳои асосӣ ба шумор меравад ва ваъда додааст, ки дар мӯҳлати дуюми панҷсолаи президентияш кишварро ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО шомил хоҳад кард.

Порошенкои 53-сола, яке аз сарватмандтарин афроди Украина аст ва дар натиҷаи эътирозҳое сари қудрат омад, ки моҳи феврали соли 2014 бо сарнагун шудани ҳукумати президенти пешини Украина Виктор Янукович анҷомид. Ӯ ҷонибдори ҳамгироӣ бо Ғарб буда, Русияро барои ишғоли Қрим, барангехтани низоъ ва дастгирии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина танқид мекунад.

Омори дақиқи шаҳрвандони Украина дар Тоҷикистон маълум нест. Аммо украиниҳо бинобар боло рафтани эҳсоси зиддиукраинӣ дар ҷомеаи Русия, барои кору зиндагӣ Тоҷикистонро афзал донистаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон чандин ширкатҳои украинӣ фаъолият мекунанд.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар соли 2014 гуфта буданд, ки дар пайи нооромиҳо дар Украина чаҳор хонаводаи украинӣ барои гирифтани мақоми гуреза муроҷиат карда ва соҳиби корти паноҳандагӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG