Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯстмуҳаммадиён: "Мардуми Украина мардуми ҳашт соли пеш нест" ВИДЕО


Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Мардуми Украина рӯзи якшанбе ба пои сандуқҳои раъй рафтанд, то раиси ҷумҳури нави худро интихоб кунанд. Аз миёни беш аз 30 довталаби курсии президентӣ се нафар – Владимир Зеленский – ҳаҷвнигори шинохта, Петро Порошенко – раиси ҷумҳури кунунӣ ва Юлия Тимошенко – нахуствазири собиқ – пештозанд.

Ба фарқ аз давлатҳои дигари пасошӯравӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои сиёсӣ ва мардуми Украина омода ҳастанд, ки аз ҳаққи худ дифоъ кунанд. Агар онҳо имшаб диданд, ки натиҷаҳои интихобот ба хости дили аксарият нест, аз ҳуқуқи худ истифода хоҳанд бурд.

Украина як муттаҳиди муҳими Ғарб дар муқобили Русия аст. Ин кишвар панҷ сол боз бо ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар вилоятҳои Донетску Луҳанск низ даргир мебошад.

Украина мисли Тоҷикистон кишвари собиқи Шӯравист. Аммо интихоботаш аз интихоботҳои Тоҷикистон чӣ фарқ дорад ва оё ин дафъа демократия дар Украина ин марҳиларо бе осеб пушти сар хоҳад кард ё не? Посухи ин ва суолҳои дигарро аз таҳлилгари тоҷик Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён пурсидем. Ӯ дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад ва интихоботи Украинаро пайгирӣ мекунад.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Ҳамчун шаҳрванди кишваре, ки дар он беш аз 20 сол боз интихоботи шаффоф баргузор нашудааст, аз интихоботи ҳафтуми президентӣ дар Украина хеле шодам. Яке аз онҳое ҳастам, ки ба украиниҳо бо ҳавас менигарам ва умед дорам, ин дафъа низ таърихи худро бо дастони худ хоҳанд навишт. Муҳим нест, ки ин таърих чӣ хоҳад буд. Муҳим он аст, ки дар паҳнои Шӯравии собиқ украиниҳо тавонистанд дар бист соли охир, ба истиснои интихоботи баъди инқилоб дар Қирғизистону Гурҷистон, раъйи худро бидиҳанд ва аз он ҳимоят кунанд. Ман ба ҳайси як шаҳрванди Тоҷикистон ба натиҷаҳои ин раъйдиҳӣ эҳтиром хоҳам гузошт."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки ба мардуми Украина ва интихобот дар он кишвар бо ҳавас менигаред. Чаро?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Бубинед, мо мардуми Тоҷикистон беш аз бист сол боз интихоботи озодро надидаем. Дар Тоҷикистон танҳо соли 1991 як интихоботи озоду шаффоф ва ҷавобгӯ ба ҳама меъёрҳои ҷаҳонӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи он Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Эмомалӣ Раҳмонов) вакили Шӯрои олӣ интихоб гардид. Ӯ баъдан, пас аз Иҷлосияи 16-ум, ба ҳайси роҳбари давлат шинохта шуд. Дигар дар Тоҷикистон, чи интихоботи порлумонӣ ва чи интихоботи президентӣ, озоду шаффоф нагузаштааст. Аз ин нигоҳ, ба интихобот дар Украина ва мардуми он кишвар бо ҳавас менигарам."

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо ба ин боваранд, ки интихоботи Украина ба даври дувум кашида хоҳад шуд. Пешбинии Шумо чӣ аст?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Баргузории даври дувуми интихоботи президентӣ дар Украина истисно нест. Фикр мекунам, дар даври аввал Владимир Зеленский баранда хоҳад буд."

Радиои Озодӣ: Дар Украина умедворанд, ки раиси ҷумҳури нав ба фасоди идорӣ ва ҷанг дар шарқи он кишвар хотима бахшад. Оё ин кор имконпазир ҳаст ва зӯри кадоме аз номзадҳо мерасад?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Фикр мекунам, мубориза бо фасод аз иродаи сиёсии раҳбари давлат (ҳар давлате дар паҳнои пасошӯравӣ) сахт вобаста аст. Чун танҳо ин ирода метавонад, ки боиси ба вуҷуд омадани низоми пок аз фасод шавад. Ва ман фикр мекунам, ҳар кадоме аз барандаҳои интихоботи Украина метавонанд дар мубориза бо фасод муваффақ бошанд, ба ҷуз аз президенти феълӣ Петро Порошенко. Ҳамчунин, бар онам, ки ҷанг дар Украина танҳо ба иродаи раҳбар ва мардуми ин кишвар вобаста нест. Мо медонем, ки Украина ҳамсояи хашин дорад. Ва украиниҳо метавонанд дар баробари ин сиёсатҳои хашини ҳамсояи бузургашон ба ҷанг ворид шаванд ё оташи ҷанг дубора аланга занад. Вале мардум ва давлати Украина ба марҳилаи нави таърихие ворид мешаванд, ки дар он метавонанд ҳатто бо бузургтарини артиши дунё муқовимати мусаллаҳонаи бардавом нишон диҳанд."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ба бовари Шумо, Владимир Зеленский дар даври аввал пирӯз хоҳад буд. Ва ҷолибии интихоботи Украина ҳам дар он аст, ки мардум аз як шоумен ҳимояти сахт карданд, ба ӯ бовар карданд. Чаро?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Бубинед, масъалаи ҳувиятшиносӣ дар интихобот хеле муҳим аст. Аз нигоҳи Қонуни асосӣ, Зеленский ва Тимошенко шаҳрвандони комилҳуқуқи Украина ҳастанд. Муҳим нест, ки аз кадом таборанд ва чӣ ҷинс доранд. Ва дар муҳити иттилоотӣ ҳаҷвнигор ном бурдани як нафари муваффақ ва ё дӯсти собиқи Путин номидани Юлия Тимошенко баҳогузории субъективие ҳастанд, ки набояд назди аҳли фаҳм қимат дошта бошанд."

Радиои Озодӣ: Дар оғоз ба баъзе тафовутҳо байни интихоботи Украина ва интихобот дар Тоҷикистон ишора кардед. Ба назари Шумо, интихобот дар Украина ба кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон чӣ сабақ дода метавонад? Дар ҳоле ки Тоҷикистон соли оянда ҳам интихоботи порлумонӣ ва ҳам интихоботи президентӣ дорад.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Субъектҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон нафари тасмимгире ба ҷуз аз шахси раиси ҷумҳур надоранд. Оё интихоботи соли 2020 баргузор мешавад ё не, танҳо аз ӯ вобаста аст. Агар мардуми Тоҷикистон, нерӯҳои мухолифон ва ҷонибдорони ислоҳот ва демократикунонӣ дар дохили ҳукумат нахоҳанд, ки субъекти амал шаванд ва аз ҳуқуқи конститутсионии худ ҳимоя кунанд."

Радиои Озодӣ: Фарз кардем, ки интихобот баргузор мешавад. Тоҷикистон аз ин маъракаи муҳими сиёсии Украина чӣ ибрат бояд бигирад?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Боз ҳам такрор мекунам, ки худи давлати Тоҷикистон ва низоми мавҷуда барои сабақ гирифтан аз Украина омода нест. Ин сабақро мардум ва нерӯҳои сиёсӣ гирифта метавонанд. Сабақи асосӣ ин аст, ки ман, мо, хешони ман, ҳамватанони ман бояд барои ҳаққи худ мубориза баранд."

Радиои Озодӣ: Чашмҳо аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба сӯи Украина дӯхта шудааст. Аз Тоҷикистон ҳам. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки агар демократия пирӯз шуд, намунаи хубе хоҳад шуд. Агар демократия осеб дид, “дастаке” барои ҳукуматҳо мешавад, то аз ин тариқ ислоҳотхоҳонро накӯҳиш кунанд. Аз нигоҳи Шумо, ин дафъа демократия дар Украина ин марҳиларо бе осеб тай хоҳад кард?

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: "Интихоботи Украина низоми боз аст. Албатта, омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба он таъсир гузоранд. Аммо, фикр мекунам, ҳамагуна сенарияҳои манфӣ, ки алҳол дар муҳити расонаҳои русзабон ба сари мардум бор карда мешаванд, пиёда нахоҳанд шуд."

Радиои Озодӣ: Вале дар дохил ҳам нафароне ҳастанд, ки мегӯянд барои мисол Порошенко идора ва пулҳои давлатро барои пирӯзии худ истифода мекунад. Ё баъзе номзадҳои дигар "одами" Русия ҳастанд...

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: “Бидуни баҳс ин гуна раванд мавҷуд аст. Вале ба фарқ аз давлатҳои дигари пасошӯравӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои сиёсӣ ва мардуми Украина омода ҳастанд, ки аз ҳаққи худ дифоъ кунанд. Агар онҳо имшаб диданд, ки натиҷаҳои интихобот ба хости дили аксарият нест, аз ҳуқуқи худ истифода хоҳанд бурд. Нерӯҳои сиёсӣ диданд, ки тақаллуб аломати асосии ин интихоб аст, ба майдон хоҳанд омад. Фикр намекунам, он вақт Порошенко ё ҳар каси дигар аз нигоҳи сиёсӣ ҷон ба саломат бибарад. Мардуми Украина мардуми панҷ-ҳашт соли пеш нест. Ин мардум метавонад аз ҳаққи худ ҳимоят кунад."

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

XS
SM
MD
LG