Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон донишҷӯёнашро барои хидмати ҳарбӣ аз хориҷ бармегардонад


Комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Ишқобод аз донишҷӯёни туркмани муқими кишварҳои хориҷ талаб доранд, ки барои адои хидмати ҳарбӣ ба ватан баргарданд. Дар ин бора рӯзи 1 апрел бахши Туркмании Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, кормандони комиссариатҳои ҳарбии Ишқобод ба волидони донишҷӯёни мазкур занг зада, онҳоро вазифадор кардаанд, ки фарзандони худро барои адои хидмати ҳарбӣ ба ватан баргардонанд.

Даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Туркманистон ҳамасола 20 март оғоз шуда, то моҳҳои апрел ва июни соли 2019 идома хоҳад ёфт. Муҳлати хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар ду сол аст.

Ҷавонони туркмане, ки дар донишгоҳҳои хориҷ таҳсил мекунанд, дар баробари баъзе аз гуруҳҳои шаҳрвандони ин кишвар муваққатан аз хидмати ҳарбӣ озод мебошанд.

XS
SM
MD
LG