Виллиам Бар, додситони кулли Амрико, гуфт, гузориши прокурори вижа Роберт Мюллер дар бораи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар миёнаҳои моҳи апрел ба нашр мерасад.
Бар рӯзи 29-уми март дар номае ба раҳбарони кумитаҳои қазоии ҳарду маҷлиси Конгресси Амрико навиштааст, барои ҳазф кардани масоили ҳассос аз ин гузориш машғул мебошад. Ин гузориш дар 400 саҳифа омода шудааст.
Ба қавли Виллиам Бар, бар асоси пешрафте, ки дар баррасӣ сурат гирифт, ин гузориш шояд то нимаи моҳи апрел барои нашр омода шавад.
Роберт Мюллер рӯзи 22-юми марти имсол эълон кард, ки гузоришаш такмил шуда ва натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба додситони кул супурд.
Баъди ду рӯзи он Виллиам Бар хулосаи гузориши Мюллерро дар чаҳор саҳифа ба Конгресс фиристод. Ӯ дар номаи худ навишт, ҳеч санаде ба даст наомадааст, ки ба асоси он ситоди интихоботи раиси ҷумҳур Доналд Трамп барои пирӯзии вай дар ҷараёни интихобот бо Русия ҳамдастӣ ё тафовуқ карда ё монеи барқарории адолат шуда бошад.