Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ корманди ОАМ-и Амрико дуздии санадҳоро эътироф кард


Собиқ корманди қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико дар созиши иқрори гуноҳ дуздии санадҳои маҳрамонаро эътироф кард ва дар ростои 9 соли зиндон қарор дорад.

Ҳаролд Т Мартини-54 сола рӯзи 28-уми март дар додгоҳи федеролии Балтимор ба гуноҳаш эътироф кард. Мартин дар як қатор ширкатҳои хусусӣ кор мекард ва ба маводи маҳрамона дастрасӣ дошт.

Ӯ ду сол пеш дар заминаи иттиҳоме боздошт шуд, ки гуфта мешавад бузургтарин нақзи маводи маҳрамона дар таърих буд. Мартин аз соли 2016 дар боздошт қарор дошт.

Идораи федеролии таҳқиқот гуфт, соли 2016 ҳангоми кофтукоби манзили Ҳаролд Т Мартин дар Балтимор бастаи санадҳо ва 50 терабайт дастгоҳҳои захирасозии электронии санадҳои давлатӣ, бо шумули маводи сирриро ошкор кард.

Додситонҳо мегӯянд, ин амали Мартин хатари ба дасти "душманон"-и Амрико афтидани санадҳоро дошт.

Дар байни иттиҳомҳо, Мартин ба ин муттаҳам шуд, ки ӯ гуфтугӯҳои онлайниро ба забони русӣ ва забонҳои дигар бо нафароне анҷом медод, аммо ин ки ӯ дар воқеъ мехост санадҳои дузидиро ба касе бидиҳад, исбот нашуд. Вакилонаш мегӯянд, ӯ ҷамъ кардан санадҳо ва идомаи кор дар хонаро хуш дошт.

XS
SM
MD
LG