Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқ нест". Мақомот хостанд, сокинон $100 млн қарзро баргардонанд. ВИДЕО


Бинои ширкати "Барқи тоҷик"
Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Мақомот аз сокинон хостаанд, ки 1 миллиард сомонӣ, муодили 100 миллион доллар пули барқи ба нася гирифтаашонро зудтар пардозанд, вагарна ба хотири як нафари қарздор як деҳа ва ё як ҷамоат бе барқ хоҳад монд. Муроҷиати масъулони “Барқи тоҷик” рӯзи 29-уми март нашр шуд.

Бисёриҳо бо иттилои мақомот дар бораи қарздори сокинон розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, мисли чанд соли пеш мардум аз пардохти пули барқ намегурезанд, балки баъзе афрод ба пешпардохти он гузаштаанд.

Аммо нигаронии сокинон аз ин аст, ки "Барқи тоҷик" як моҳ боз интиқоли нерӯи барқро шадидан маҳдуд карда, вале вуҷуди лимитро расман эътироф намекунад. Як моҳ боз даҳҳо нафар аз камбуди шадиди нерӯи барқ шикоят доранд.

Ширкати “Барқи тоҷик” дар муроҷиати худ ба мардум гуфтааст, аз ин ба баъд ба хотири як муштарии қарздор аз барқ як деҳаву ҷамоат метавонад аз рӯшноӣ маҳрум шавад. “Дар натиҷаи зам шудани қарзҳо, моро лозим меояд, деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз нерӯи барқ маҳрум кунем”, - омадааст дар матни муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик”.

Ба қавли мақомот, дар сурати истифодаи дуруст ва сари вақт пардохт шудани маблағи барқ тамоми мушкил дар ин соҳа ҳал мешавад. Ин ширкат бори дигар маблағи барқро аз пуле, ки сокинон барои ҳар дақиқаи сӯҳбатҳои телефонӣ пардохт мекунанд муҳим донистааст.

Мақомот аз зиёиёну имом-хатибон хостаанд, ки дар суҳбатҳои худ ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ кунанд.

Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши изҳороти расмӣ сабаби қатъи қувваи барқро “иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ” арзёбӣ карда буд. Мақомот гуфтанд, мушкили интиқоли нерӯи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад, аммо вазъ то ҳанӯз бетағйир мондааст.

Мушкили бебарқӣ ҳанӯз идома дорад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

XS
SM
MD
LG