Ду ҳавопаймои ҳомили низомиҳои Русия барои ширкат дар машваратҳои низомиву техникӣ ба Венесуэла рафтаанд,- хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манобеи худ.
Ба навиштаи РИА Новости, дар байни Русия ва Венесуэла аз солҳо пеш чанд шартномаи ҳамкорӣ вуҷуд дорад.
Ин иттилоъро як мансабдор аз Венесуэла низ рӯзи душанбе дар суҳбат бо Associated Press тасдиқ кард. Манбаъ гуфт, низомиҳои Русия барои баррасии хизматрасониҳои техникӣ, инчунин машқу стратегия омадаанд.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва видеои ду ҳавопаймои вазорати дифои Русия дар майдони ҳавоии пойтахти Венесуэла нашр шуд.
Ба иттилои нашрияи маҳаллии NoticieraDigital, 99 низомии Русия ва ё, эҳтимолан, ҷанговарони ширкати хусусии низомӣ бо роҳбарии генерал Василий Тонкошкуров - роҳбари Ситоди асосии Неруҳои хушкигарди артиши Русия ба Венесуэла омадаанд. Вазорати мудофиаи Русия расман ин хабарро шарҳ намедиҳад.
Бино бар иттилои расонаҳо, ҳавопаймоҳо аз Сурия тавассути Дакар ба Венесуэла рафтаанд.
Ҳар дуи ин ҳавопаймоҳо пештар аз ин низ ба Венесуэла рафта буданд. Ин бор ҳавопаймоҳо чи бурдаанд, расман хабар дода намешавад. Баъди он ки Хуан Гуайдо худро президенти муваққат эълон кард, хабаргузории Reuters навишт, чанд сад ҷанговари ширкати "ЧВК Вагнер" барои ҳимояи президент Николас Мадуро ба Венесуэла оварда шудааст.
Ибтидои соли ҷорӣ дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ Хуан Гуайдо раҳбари мухолифон худро президенти муваққати Венсуэла эълон кард ва интихоби президент Николас Мадуро ба ин мақомро ғайриқонунӣ номид. ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Лотин аз Гуйдо ҳимоят карданд. Русия, Чин, Туркия ва Куба аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд.