Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Донишгоҳро тарк карда, ба Олмон рафтаанд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ду моҳи охир чанд донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзӣ ё аграрии Тоҷикистон тарки таҳсил карда, ба Олмон ва кишварҳои дигари аврупоӣ рафтаанд.

  • Баъзе намояндагони донишгоҳ гуфтанд, ки далели чунин рафтори муҳассилонро намедонанд. Аммо донишҷӯёни, инак, собиқи Донишгоҳи аграрӣ мегӯянд, асосан барои кор худро ба Олмон расондаанд, ки дар як моҳ аз 500 то 700 евро маош дорад.
Талаб карданд, забонхат нависам, ки барои мисол агар додарам ба Сурия рафт, ҷавобашро ман медиҳам

Сафар, баъди як давраи таҷрибаомӯзӣ

Бархе аз ин донишҷӯён қаблан дар Олмон давраи таҷрибаомӯзиро гузашта, ҳамон вақт барои бозгашти дубораи худ ба ин кишвари аврупоӣ ҷойи по дуруст кардаанд.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳар сол баъзе аз донишҷӯёни худро дар асоси қарордод барои таҷрибаомӯзӣ ба Олмон мефиристад. Аз аввали имсол чаҳор донишҷӯ расман барои таҷрибаомӯзӣ ба фермаҳои чорводории Олмон рафтаанд. Онҳо муваззафанд, ки пас аз анҷоми се ё шаш моҳи таҷрибаомӯзӣ ба ватан баргарданд.

Сафар Зуҳуров, ҳуқуқдони Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, то ҷое медонад тақрибан даҳ донишҷӯ бидуни хабар додан ба омӯзгорон ба хориҷа рафтаанд.

“Чӣ гуна то онҷо расидани онҳоро намедонем. Вале онҳо бо баҳонаи гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва ё пешниҳод ба комиссариати ҳарбӣ аз мо маълумотнома мегиранд. Яъне боварномае, ки онҳо дар донишгоҳ мехонанд”, – гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба ҷои Хадамоти шиносномадиҳӣ - Сафорати Олмон?

Зуҳуров иддао кард, ки баъзе аз донишҷӯён маълумотномаи аз донишгоҳ гирифтаи худро “сохтакорӣ карда”, ба хориҷа рафтаанд. Ӯ афзуд, “мо дар санадҳо менависем, ки барои мисол маълумотнома ба Хадамоти шиносномадиҳӣ пешниҳод мешавад. Баъзан донишҷӯён мегӯянд, ки ҳаминро нанависед. Баъзеи дигар навиштаҳои моро пок карда, ба ҷои Хадамоти шиносномадиҳӣ “ба Сафорати Олмон” навиштаанд.”

Ҳуқуқдони Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон гуфт, чанде пеш аз сафорати Олмон огоҳӣ гирифтаанд, ки дар маълумотномаи донишҷӯи онҳо имзои декан гузошта нашудааст.

Ин баҳс то ба мақомоти интизомӣ кашида нашудааст. Вале дар Донишгоҳи кишоварзӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз сафари донишҷӯён ба хориҷа додани ҳамагуна маълумотномаро қатъ кардаанд.

“Агар ба Сурия равад, ҷавобашро медиҳӣ?”

Иқбол Шодиев, сокини 29-солаи ноҳияи Айнӣ, барои гирифтани як маълумотнмоа барои бародари донишҷӯаш аз Донишгоҳи аграрӣ чанд рӯз даводав кард. Мегӯяд, бародараш дар хобгоҳи донишгоҳ худро сабтином кардааст ва барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ бояд аз инҷо санад барад.

“Дар Донишгоҳ гуфтанд, ки маълумотнома медиҳем, вале донишҷӯён ба Олмон ё ба ҷои дигар мераванд. Агар ягон ҳодиса шавад, ҷавобашро кӣ медиҳад? Талаб карданд, забонхат нависам, ки барои мисол агар додарам ба Сурия рафт, ҷавобашро ман медиҳам”, - гуфт Иқбол Шодиев рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз муҳассилони собиқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки ҳоло дар Олмон қарор доранд, гуфтанд, ба хотири даромади хуб маҷбур мешаванд бо ҳар роҳ худро ба онҷо расонанд.

Ба гуфтаи як донишҷӯ, ки нахост номаш зикр шавад, онҳо бештар дар ферма ё хонаи шаҳрвандон дар наздикии шаҳри Франкфурт ба кишоварзӣ машғул мешаванд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ҳар моҳ аз 500 то 700 евро ва ҳатто зиёдтар аз он маблағ ба даст меоранд. Ба ин хотир донишҷӯён рад намекунанд, ки ба ҷойи таҳсил дар Тоҷикистон кор дар Олмонро беҳтар донистаанд.

Рафтан бо иҷозат?

Масъулони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ҳоле аз тарки таҳсил ва ба Олмон рафтани донишҷӯён нигаронӣ доранд, ки бар асоси як қарори Вазорати маориф муҳассилин ва омӯзгорон ҳақ надоранд, бе иҷоза ба хориҷа сафар кунанд.

Моҳи феврали соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор кард, ки омӯзгорону донишҷӯён, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик бе иҷозаи мақомот ҳаққи сафари хидматӣ ё таҳсил дар хориҷаро надоранд. Ин тасмими вазорат сару садоҳои зиёдеро ба по кард ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар онро мухолиф ба Қонуни асосӣ ва санадҳои байналмилалӣ хонданд.

Тоҷикистон то ибтидои солҳои 2000-ум визаи хуруҷ дошт. Шаҳрвандон қабл аз сафар ба хориҷ бояд мақсади сафари худро ба масъулони ОВИР ё ниҳодҳои вазорати хориҷӣ шарҳ медоданд ва раводиди хуруҷ мегирифтанд. Баъдан ин муқаррарот лағв шуд.

XS
SM
MD
LG