Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахости демократҳо барои маълумот оиди сӯҳбати Трамп бо Путин рад шуд


Владимир Путин ва Доналд Трамп
Владимир Путин ва Доналд Трамп

Кохи сафед дархости конгрессменҳои демократро, ки мехоҳанд дар бораи музокироти президенти ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин маълумот бигиранд, рад кард. Дар ин бора нашрияи The Hill ва шабакаи телевизионии CNN рӯзи 21 март гузориш доданд.

Дар посухе бо имзои ҳуқуқдони Кохи сафед Пэт Чипаллоне гуфта мешавад, ки музокироти президент бо раҳбарҳои кишварҳои хориҷӣ маҳрамона буда, Конгресс салоҳият надорад онҳоро дархост кунад.

Аввали моҳи март раҳбарони кумитаҳои Палатаи намояндагон дар умури истихборот, равобити хориҷӣ ва назорат - конгрессменҳои демократ Адам Шифф, Элиот Энҷел ва Элайҷа Каммингс аз Кохи сафед ва Котиби давлатии ИМА Майк Помпео хостанд дар бораи муҳтавои гуфтугӯи ҷойдошта дар байни Трамп ва Путин санад пешниҳод кунанд ва ҳамчунин ба суолҳои марбута посух диҳанд.

Ин дархост баъди мақолаи The Washington Post ворид шуд. Нашрия иддао кард, ки Трамп матни тарҷумони сӯҳбати президент бо Путинро гирифт ва талаб кард, ки муҳтавои сӯҳбат ошкор нашавад. Конгрессменҳо дархост карданд, ки тарҷумонҳо низ барои гузориш додан даъват шаванд. Онҳо аз ҷумла ба нафароне таваҷҷӯҳ доранд, ки моҳи июли соли 2018 мулоқоти Трамп ва Путинро дар Ҳелсинки ташкил карданд.

Дар ИМА таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихобти соли 2016 идома дорад. Прокурори махсус Роберт Мюллер бояд мушаххас кунад, ки дар байни ситоди интихобтии Доналд Трамп ва Кремл муомилот вуҷуд дошт ё не.

XS
SM
MD
LG