Нахуствазири Австралия Скотт Моррис шарҳи президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро, ки ба думболи қатли ом дар масҷид пахш шуд, маҳкум кард ва гуфт, ки дар робита ба муносибат бо Туркия "тамоми гузинаҳо"-ро арзёбӣ хоҳад кард.
"Шарҳи президенти Туркия Эрдуғонро дар ин шароити ҳассос ман барои Австралиягиҳо бисёр таҳққиромез ва бисёр бемасъулиятона мешуморам",- гуфт Моррис рӯзи 20 март.
Эрдуғон қаблан ҳушдор дод, ки Австралиягиҳои зидди мусалмон "дар тобутҳо бармегарданд", ба мисли падарбузургҳои онҳоро дар Галлиполӣ, майдон набардҳои хунини Ҷанги Якуми Ҷаҳон.
Беш аз 8 ҳазор сарбози Австралия ва Зеландияи Нав дар шаҳри соҳилии Галлиполӣ, дар ҷанг алайҳи неруҳои Туркия кушта шуданд. Ин сана ҳодисаи муҳими таърихи ҳарду кишвар ҳисоб мешавад ва шаҳрвандони ду кишвар ҳар сол моҳи апрел, дар солгарди ҳодиса ба Галлиполӣ мераванд.
Моррис гуфт, ки Эрдуғон бо чунин шарҳ рӯҳи сарбозони кушташудаи Австралия ва Зеландияи Навро таҳқир кард.
"Ман интизор дорам, ман дархост мекунам, ки ин гуфтаҳо шарҳ дода шаванд ва бардошта шаванд",- гуфт Моррис.
Ҳамла ба масҷиди Зеландияи Навро, ки дар он 50 намозгузор кушта шуд, марди 28-солаи Австралиягӣ анҷом дод, ки бовар меравад аз тарафдорони бартарии сафедпӯстҳо бар дигарон аст.