Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи шаҳри Остона ба Нурсултон иваз шуд. ВИДЕО


Рӯзи 20 март дар як раъйдиҳии парлумони Қазоқистон шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон тағйири ном кард. Номи нави пойтахти Қазоқистон ба ифтихори президенти каноррафтаи ин кишвар Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шудааст.

Ба тарафдории тағйири ном кардани пойтахти кишвар аксар аъзои парлумони ин кишвар овоз доданд.

Нурсултон Назарбоеви 78-сола рӯзи 19 март дар як изҳороти телевизионии худ гуфт, ки тасмим гирифтааст аз 20 март салоҳиятҳои худро дар мақоми президенти Қазоқистон канор мегузорад. Дар як маросими савгандёдкунӣ рӯзи чоршанбе собиқ раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев иҷрокунандаи вазифаи президент ва чанд соат баъд духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева раиси Сенат интихоб шуд.

Исми пойтахти кунунии Қазоқистон дар давоми солҳои шӯравӣ се дафъа иваз шудааст. Дар таърихчаи расмии ин шаҳр гуфта мешавад, ки то соли 1961 исми шаҳр Акмолинск буд, баъдан солҳои 1961-1992 ба Селиноград табдили ном кард. Баъди истиқлолият исми шаҳр Акмола шуд ва баъди тасмими кӯч додани маркази маъмурӣ ё пойтахти Қазоқистон ба он, исмаш Остона шуд. Дар матбуот маъмулан Остонаро шаҳри "ободшуда бо дасти Нурсултон Назарбоев" меноманд, ки феълан беш аз 1 миллион аҳолӣ дорад.

Дар китоби интиқодиаш дар ҳақи президент Назарбоев "Крестный тесть" домоди марҳуми ӯ ва ҳамсари собиқи Дариға Назарбоева - Роҳат Алиев навишта буд: президент ба хотири таъмини амнияташ дар баробари хатари эътирозу таҷаммӯи эҳтимолии мардум қарор кард пойтахтро аз Алмаато ба Остона кӯч диҳад. Ба навиштаи Алиев, Остона, як шаҳри "сарду дурафтода ва дастнорас" аст ва ташкили ҳама гуна таҷаммӯъҳои эҳтимолии мардумӣ дар назди қасри раёсатҷумҳурии Оқорда ғайриимкон мебошад.

Назарбоевро барои саркӯби мухолифону эътирозгарон зиёд интиқод кардаанд.

Остона ба Нурсултон тағйири ном кард. Назари сокинон дар ин замина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

XS
SM
MD
LG