Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари тирпаронӣ дар Утрехти Нидерландия боздошт шуд


Акси гумонбари ҳамлаи Утрехт дар твиттери пулиси Нидерландия
Акси гумонбари ҳамлаи Утрехт дар твиттери пулиси Нидерландия

Пулиси Нидерландия гумонбари тирпаронии шаҳри Утрехтро, ки се кушта бар ҷой гузошт, боздошт кард. Аз ӯ шаҳрванди 37-солаи Туркия Гюкман Танис ном бурда мешавад.

Тадобири амниятӣ дар Утрехт пурзӯр ва тамоми мактабу масҷидҳо зери назорат гирифта шудаанд. Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба далели амниятӣ муваққатан қатъ шуд.

Ба маълумоти пулис, гумонбар дар як ҷо - дар трамвай тирпаронӣ кардааст. Пештар хабар дода шуд, ки одамон дар чанд ҷой мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Як қатор шоҳидон ҳам гуфтанд, ки ҳамлагарон чанд нафар буда, бо мошине дар шаҳр чарх мезаданд.

Фарзияи асосии ҳодиса ҳамлаи террористӣ нест. Пулис куштор дар асоси хусумати шахсиро низ ҳамчун яке аз фарзияҳо меомӯзад. Шоҳидон мегӯянд, марди ҳамлагар ошкоро ба самти як зан оташ кушода, сипас онҳоеро низ ҳадаф қарор дод, ки ба кумаки ӯ шитофтанд.

Сарвазири Нидерландия Марк Рютте гуфт, ҳукумати ин кишвар дар робита ба ҳодисаи мазкур ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард.

XS
SM
MD
LG