Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев барои ба сари қудрат овардани Ҷеенбеков узр хост


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон дар ҷаласаи Ҳизби сотсиал-демократии кишвараш дар шаҳри Бишкек рӯзи 17 март гуфт, "аз он таассуф мехӯрад, ки Ҷеенбековро сари қудрат овард".

"Маро бубахшед, ки тамоми умр зидди режимҳои авторитарии хонаводагӣ мубориза карда, ба умқи чунин одам назар накарда, танҳо ба зоҳираш иктифо кардам ва чунин хонаводаро сари қудрат овардам", - гуфт Отамбоев.

Вай ҳамчунин илова кард, "талош мекунад, ки иштибоҳашро ҷуброн ва ҳақиқатро баён кунад". Отамбоев ҳукумати кунуниро дар мудирияти хонаводагӣ айбдор кард ва аз президент хост, аз ин роҳ баргардад.

"Сооронбой Ҷеенбеков, ту на танҳо дар ҳизби "Айкол Ала-Тоо" нифоқ меангезӣ, балки мардумро ҷудо менамоӣ. Ман туро аз вилояти Ӯш ба он хотир овардам, ки "мардум ба ҷанубу шимол тақсим нашавад, муттаҳид бошад". Ту ҷудоӣ андохтӣ ва мардумро тақсим кардӣ. Ҳатто ба ибодати мардум дахолат кардӣ. Даст бардор, ҳанӯз дер нашудааст! Зеро мардум - мавҷи сел аст. Мардум сабр хоҳад кард. Аммо то кай, ман намедонам. Агар рӯзе мардум бедор шуд, касе ӯро манъ карда наметавонад. Мо инро дидем", - гуфт президенти пешин.

Вай ҳамчунин илова кард, ки мардум ба Қирғизистони мустақил ниёз доранд ва роҳбари давлат бояд сиёсати баробариро амалӣ кунад. Отамбоев гуфт, бо гузашти ҳар рӯз ҳукумати кунунӣ ба низоми Қурмонбек Боқиев шабеҳ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 17 март дар ноҳияи Ҷалолободи кишвараш дар як дидор бо мардум гуфт, "ба унвони яке аз роҳбарони муборизи зидди ҳукумати хонаводагӣ", ҳаргиз ба мудирияти оилавӣ иҷозат нахоҳад дод.

"Замонҳое буд, ки давлати моро мафиёи ҷиноӣ идора мекард. Мо ормонҳои мардумро хуб медонем. Беҳуда нагуфтаанд, ки "Ҳокими росткор хешу ақрабо надорад, вале касе ки манфиати наздиконашро бароварда мекунад, виҷдон надорад". Ман ва ҳамаи се шохаи ҳокимият набояд инро фаромӯш кунанд", - гуфт Сооронбой Ҷеенбеков.

XS
SM
MD
LG