Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Русия ва Чинро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кард


Майк Помпео
Майк Помпео

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ба вазъи уйғурҳои мусулмон дар минтақаи Шинҷони Чин тамаркуз кард. Гузориш рӯзи гузашта аз ҷониби Котиби давлатии ИМА Майк Помпео муаррифӣ шуд.

ИМА, Ғарб ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бар инанд, ки Чин бо боздошту нигаҳдории уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар марказҳои махсус маъракаи "покорӣ"-и диниву нажодиеро ба роҳ мондааст.

Вале Пекин иддао дорад, ки барномаи мубориза зидди ифротгароиро иҷро мекунад. Чин марказҳои мазкурро омӯзишгоҳҳое меномад, ки дар онҳо сокинон забони чинӣ ва қонунҳои он кишварро меомӯзанд.

Пештар Помпео хабар дода буд, Вашингтон имкони таҳрим бар зидди мансабдорони Чин барои нақзи ҳуқуқи уйғурҳоро баррасӣ мекунад.

Дар мавриди Русия гуфта шудааст, ки мухолифони рус моҳи марти соли гузашта дар интихоботи президентӣ имкон надоштанд номзади худро ба мақоми раҳбарии он кишвар пешниҳод кунанд.

Департаменти давлатии ИМА вазъи ҳуқуқи инсонро дар Қрими ишғолшуда низ бад арзёбӣ кард ва таҷовузкориҳои Русияро дар шарқи Украина зикр намуд. Департаменти давлатии ИМА аз ҷумла гуфтааст, ки мақомоти Русия шаҳрвандони Украинаро дар Донбасс боздошт мекунанд ва ба додгоҳ мекашанд.

XS
SM
MD
LG