Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико нақша дорад, ҳаққи сарбозонашро аз кишварҳои мизбон ситонад


Нерӯҳои амрикоӣ ҳангоми роҳпаймоӣ дар Рига, Латвия. 18-уми ноябри соли 2018
Нерӯҳои амрикоӣ ҳангоми роҳпаймоӣ дар Рига, Латвия. 18-уми ноябри соли 2018

Амрико дар назар дорад, харҷи сарбозони худро, ки дар кишварҳои дигар мустақаранд, аз ҳисоби мизбонҳо ситонад.

Хабаргузории "Блумберг" ва "Ассошиайтед Пресс" дар ин бора рӯзи 8-уми март аз қавли чанд мақоми амрикоӣ хабар доданд, ки нахостаанд номаш фош шавад. Ин ду хабаргузорӣ навиштанд, маъмурияти президент Доналд Трамп нақшаи навро баррасӣ мекунад.

Гаррет Маркис, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, нахост мустақим дар ин маврид шарҳ диҳад. Аммо гуфтааст, Амрико чанд вақт боз ҳадаф дорад, ки муттаҳидонаш дар дифои муштарак сармоягузории бештар кунанд ва як бахши фишори молии Амрикоро ба ӯҳда гиранд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҳамвора шикоят мекунад, ки муттаҳидонаш, аз ҷумла кишварҳои узви НАТО барои дифои худ пули кофӣ намедиҳанд ва фишори ин харҷҳо бештар ба дӯши андозсупорандаҳои амрикоӣ бор мешавад.

Нерӯҳои амрикоӣ дар тақрибан ҳамаи кишварҳое, ки НАТО ҳузур дорад, мустақарнад.

Инчунин, Амрико дар Олмону Бритониё, Ҷопон, Итолиё, Кувейт, Қатар ва Баҳрайн пойгоҳҳои бузургтар дорад.

XS
SM
MD
LG