Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Венесуэла ними кишвар дар торикӣ монд


Тасвири шаби бебарқӣ дар Венесуэла
Тасвири шаби бебарқӣ дар Венесуэла

Дар пайи қатъи барқ дар Венесуэла аз 23 иёлат дастикам 8 иёлат ва ҳавзаи Каракас дар торикӣ монд. Дар ин бора нашрияи маҳаллии El Nacional рӯзи 7-уми март хабар дод. Дар Каракас метро аз кор монд ва ба навиштаи Bloomberg, бебарқӣ фурудгоҳи шаҳриро низ фаро гирифт. Ба навиштаи ин оҷонсӣ, барқ тақрибан дар 10 иёлат хомӯш шуд.

Ширкати энержии Венесуэла қатъи барқро "харобкорӣ дар чаҳорчӯби ҷанги энержӣ бар зидди давлат" арзёбӣ кард.

Вазири иттилоот Хорхе Родригас гуфт, ҳамлаи киберӣ ба Гури, яке аз бузургтарин пойгоҳҳои тавлиди барқ дар ҷаҳон, воқеъ дар иёлати Боливар, ба қатъи барқ сабаб шуд.

Президент Николас Мадуро, ки ӯро акнун бисёр кишварҳои ҷаҳон раҳбари қонунӣ эътироф намекунанд, дар ин ҳамлаи эҳтимолӣ Амрикоро айбдор кард.

Аз сӯи дигар, таҳлилгароне, ки Bloomberg аз онҳо назар пурсид, таъкид карданд, ки қатъи барқ дар Венесуела пайваста сурат мегирад ва буҳрони энержӣ ба фарсуда шудани инфрасохтор бастагӣ дорад.

Буҳрони сиёсӣ дар Венесуэла бинобар эътироф нашудани Мадуро аз ҷониби мухолифон идома дорад. Аз соли 2014 дар ин кишвар пайваста эътирозҳои хиёбонӣ ҷараён мегиранд.

Ин кишвари Амрикои Лотин аз захираҳои бузурги нафт бархурдор аст, аммо солҳо боз аз нарасидани маҳсулоти ғизоӣ ва дору азият мекашад. Соли гузашта нишондиҳандаи таваррум дар кишвар ба 1 миллион дар сад баробар шуд.

Хуан Гуайдо - раҳбари Ассамблеяи миллӣ - моҳи январи имсол худро раҳбари муваққатии Венесуэла эълон кард ва Мадуроро ғосиб номид. Амрико, Канада ва аксар давлатҳои Амрикои Лотин ӯро эътироф карданд. Русия, Чин, Туркия ва як идда кишварҳои дигар аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд. Мадуро ҳамчунин аз пуштибонии генералҳои кишвараш бархӯрдор аст.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG