Ҷон Марк Поммершайм, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҷараёни кори худ ба тақвияти ҳамкориҳо, аз ҷумла тиҷорату кишоварзӣ, амнияту маориф ва таъмини волоияти қонун талош хоҳад кард.
Ӯ рӯзи 7-уми март дар як паёми видеоӣ, ки бо забони тоҷикӣ ва англисӣ садо дод, гуфт, ҳамроҳи ҳамсар ва се писараш бесаброна мунтазири омадан ба Душанбест.
Поммершайм афзуд, 29 сол боз ба ҳайси дипломат кор мекунад ва қаблан дар Русияву Беларус, Чин, Ҷопон ва Қазоқистон будааст.
“Ману ҳамсарам Наталя бесаброна интизор ҳастем, ки бо табиати ҳайратангези Тоҷикистон ва фарҳанги бойи он аз наздик шинос шавем”, - гуфт ӯ.
Марк Поммершайм дар паёми видеоӣ мегӯяд, ҳангоми аз худ кардани забони тоҷикӣ дар бораи меҳмоннавозӣ ва адабиёти тоҷикон низ маълумот гирифтааст. Вай умед дорад, ки бо аҳли хонаводааш ба саёҳати кӯҳӣ машғул шуда, аз оши палави тоҷикӣ лаззат хоҳанд бурд.
“Умед дорам, тақвияти ҳамкориҳо ба манфиати мардуми ҳарду кишвар хоҳад буд”, - афзуд ӯ.
Номзадии ин дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод шуд ва рӯзи 7-уми январи имсол тасдиқ гардид. Вай дар моҳи феврали имсол дар Вашингон савганд ёд кард.
Марк Поммершайм собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони CNN дар Русия кор кардааст. Ӯ ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.