Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акаев гуфт, барои бозгашташ ба Қирғизистон монеае дар миён нест


Президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев
Президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Акаев, ки соли 2005 дар пайи эътирозҳои оммавӣ ба Русия фирор кард, дар суҳбат бо нашрияи "Московский комсомолетс" гуфт, ки барои бозгашташ ба ватан ягон "монеаи ҳуқуқӣ"-вуҷуд надорад.

"Вале рақибонам эҳсос мекунанд, ки барои бозгашти ман ба Қирғизистон замони муносиб пеш меояд ва ба зудӣ ба Қирғизистон бармегардам. Бинобар ин, бар зидди ман ҳамлаҳои иттилоотиро ба роҳ мемонанд. Чанде пеш баъзе аз расонаҳо ҳатто маро гӯронда буданд", - изҳор дошт ӯ.

"Дар давраи раҳбарии президенти пешин Алмосбек Отамбоев натавонистам, ҳатто дар маросими ҷанозаи ду бародари бузургам дар Қирғизистон иштирок кунам. Ошкоро таҳдид карданд, ки маро дар фурудгоҳ боздошт мекунанд. Вале аз тими президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков то ҳол ягон сухани бад нашунидаам. Умедворам, нисбат ба ман фикри манфӣ надоранд", - афзуд президенти пешин.

Аскар Акаев президенти нахустини Қирғизистон аст, ки аз соли 1991 то 2005 ин кишварро раҳбарӣ кардааст. Ӯ 24 марти соли 2005 дар пайи эътирозҳои оммавӣ аз Қирғизистонба Русия фирор кард. Дар ватан алайҳи ӯ ва атрофиёнаш бо ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG