Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати туркӣ Туркманистонро ба варшикастагӣ муттаҳам кард


Манзараи фурӯдгоҳи байналмилалии Ишқобод
Манзараи фурӯдгоҳи байналмилалии Ишқобод

Оғузхон Чакироғлу, узви шӯрои мудирони ширкати "Çakiroglu Group", ки дар Туркманистон фаъолият мекунад, гуфт, ҳукумати Туркманистон аз се сол инҷониб ҳаққи фаъолияти ширкатро намепардозад.

Ба гуфтаи Чакироғлу, захираи молии ҳукумати Туркманистон тамом шуда ва ин ҳукумат ҳисобҳои лоиҳаҳои пешинро пардохт накардааст.

Гуфта мешавад, ширкати Çakiroglu Group ҳоло Туркманистонро тарк кардааст.

Сафорати Туркманистон дар шаҳри Анқараи Туркия дар бораи қарзи ҳукумати Туркманистон ба ширкати Çakiroglu Group иттилое намедиҳад.

Моҳи июни соли гузашта хабаргузории Reuters иттилоъ дода буд, ки "ширкатҳои хориҷие, ки дар Туркманистон фаъолият мекунанд, дар пайдо кардани нақдина мушкил доранд". Дар гузориши соли гузашта намояндаи ширкати Çakiroglu Group ҳам изҳори назар карда буд.

"Мақомот се сол аст, ки ҳаққи ширкатҳоро пардохт намекунанд, ба илова камчинии доллар боис шудааст, ки нархҳо дар бозори сиёҳ се-чаҳор мартаба гарон шаванд", - гуфта буд Оғузхон Чакироғлу дар гузориши Reuters.

Охири соли гузашта ширкатҳои олмонии "Unionmatex" ва туркии "Seçe inşaat" дар робита ба напардохтани қарзҳо ҳукумати Туркманистонро ба додгоҳ кашиданд.

XS
SM
MD
LG