Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба Ҷалолобод дастикам 16 нафар кушта шуд


Мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар макони ҳамла. 6 март, 2019
Мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар макони ҳамла. 6 март, 2019

Ба гуфтаи як мақоми расмии Афғонистон теъдоди қурбониҳои ҳамлаи ҷангиён ба ширкати сохтмонӣ дар вилояти шарқии Ҷалолобод ба 16 нафар расид.

Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки рӯзи чоршанбе пеш аз ҳамлаи се ҷангӣ ба ширкати сохтмонии воқеъ дар наздикии фурӯдгоҳи аслии пойтахти Ҷалолобод, ду маргталаб худро мунфаҷир кард.

Хулиёнӣ гуфт, ки ба думболи таркиш дар байни сарбозони амниятӣ ва ҷангиён задухурд сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ дар ин ҳодиса 16 нафар кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуд, ки аксаран кормандони ширкати хусусии сохтмонӣ буданд.

Хугиёни ҳамчунин гуфт, ки ҳамлагарон кушта ва авзо ба эътидол оварда шуд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо ҳарду - ҳам Толибон ва ҳам гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон, махсусан дар Нангарҳор фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG