Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко ба интихоботи оянда меравад, аммо намехоҳад президенти якумрӣ шавад


Александ Лукашенко бо писараш Николай
Александ Лукашенко бо писараш Николай

Президенти Беларусия Александр Лукашенко гуфт, ки дар интихоботи баъдӣ номзад мешавад, аммо намехоҳад якумр ҳукмронӣ кунад.

Ӯ рӯзи 1 март дар ҷараёни "Гуфтугӯи густарда бо президент", дар посух ба суоли хабарнигори бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт, ки "аз президентӣ сер шудааст", аммо дар интихоботи оянда иштирок мекунад, то нагӯянд, ки "дар марҳилаи душвор фирор кард".

Лукашенко ҳамзамон таъкид кард, ки ӯ шеваи "интиқоли қудрат аз худ ба худ" ё ба фарзандонашро, истифода намекунад.

"Ваъда медиҳам, ки маро аз курсии президентӣ ба он дунё намебаранд. Ман қудратро барои фарзандонам нигаҳ намедорам ва қудратро ба онҳо мерос намегузорам Ҳеҷ яки онҳо чунин хоҳиш надорад, ҳатто хурдӣ ҳам",- гуфт Лукашенко.

Соли равон аз замони интихоби аввали Лукашенко ба мақоми президентӣ 25 сол пур мешавад. Аз он вақт ӯ борҳо ба ин мақом интихоб шуд, зеро дар Қонуни асосии Беларусия давраи интихоби президент маҳдудият надорад. Мухолифин Лукашенкоро ба тақаллуби натиҷаи интихобот муттаҳам мекунад.

Интихоботи президкнтии Беларусия соли 2020 баргузор мешвад, аммо имкон дорад ин маъракаро ба тирамоҳи соли равон гузаронанд.

XS
SM
MD
LG