Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз боздошти рӯзноманигорон дар Қазоқистон нигарон аст


Арлем Дезир - намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот
Арлем Дезир - намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар умури расонаҳо Арлем Дезир дар робита ба боздошти чандин рӯзноманигору блогер ҳангоми бозтоби эътирозҳои Алмато, Жанаозен ва Урал ибрози нигаронӣ кард.

"Аз таҷрибаи боздошти кутоҳмуддати рӯзноманигорону блогнависон нигаронем, ки монеи иҷрои вазифаҳои касбияшон мешавад. Огаҳ кардани ҷомеа аз эътирозҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҷамъиятӣ вазифаи асосии рӯзноманигорон аст ва онҳо набояд барои иҷрои вазифаҳои худ муҷозот шаванд", - омадааст дар изҳороти Дезир аз 27 феврал.

Намояндаи САҲА гуфтааст, 27 феврал хабарнигору наворбардори Бахши қазоқии Радиои Озодӣ -- Сания Тойкен ва Санат Нурбекро дар Жанаозен дастгир карданд. Онҳо пас аз шаш соати бозпурсӣ дар шуъбаи пулиси шаҳри Актау озод шуданд. Худи он рӯз дар Алмато блогер Асхат Берсалимов ва дар Урал блогер Аскар Шайгумаровро боздошт карданд.

Ба гуфтаи Дезир, вақтҳои ахир дар Қазоқистон боздошти худсаронаи рӯзноманигорон афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, Сония Тойкенро 12 феврал ҳангоми иҷрои вазифаи касбияш боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд. Миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта низ дар Алмато чандин рӯзноманигор барои чанд муддат дастгир шуданд.

Намояндаи САҲА гуфтааст, маъмурони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии Қазоқистон набояд ба кори рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби ҳамоишҳои эътирозӣ монеъ шаванд.

XS
SM
MD
LG