Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон сарнишини ҳиндиро ба хотири "сулҳ" озод мекунад


Суханронии нахуствазири Покистон Имрон Хон дар порлумон. 28 феврал, 2019

Покистон мехоҳад, пилот ё сарнишинеро, ки дар пайи сарнагун кардани ҳавопаймои ҷангии Ҳиндустон боздошт кардааст, рӯзи ҷумъа озод кунад. Дар ин бора сарвазири Покистон Имрон Хон рӯзи панҷшанбе дар порлумон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, сарнишин ҳамчун "амали сулҳхоҳона" раҳо мешавад.

Муносибатҳои Ҳиндустону Покистон рӯзҳои ахир ба сардӣ гароида, расонаҳо аз тирпаронӣ дар Кашмир хабар медиҳанд. Покистон ахиран ҳарими ҳавоии худро баст ва дар натиҷа ҳазорҳо парвоз ба Осиёи Шарқӣ бекор карда шуданд.

Вазъ дар Кашмир пас аз зарбаҳои ҳавоии Ҳиндустон ба пойгоҳҳои эҳтимолии террористон дар ҳудуди Покистон бад шуд. Зарбаҳои ҳавоӣ посух ба ҳамлаи террористие буданд, ки 14 феврал бар зидди низомиёни ҳинду дар Кашмир анҷом шуд. Дар натиҷаи ҳамла, ки масъулияти онро созмони "Артиши Муҳаммад" бар зимма гирифт, 40 низомии ҳиндь кушта шуданд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, дар минтақае, ки ҳадафи зарбаҳои ҳавоии Ҳиндустон қарор гирифт, ягон пойгоҳи террористӣ мавҷуд набуд. ИМА ва кишварҳои дигар Ҳиндустону Покистонро ба хештандорӣ ва муколама даъват доранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Умеду ноумедиҳо аз пешниҳоди афв дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
XS
SM
MD
LG