Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва Ким Чен Ун дар мулоқоти Ҳаной ба созиш нарасиданд


Доналд Трамп ва Ким Чен Ун
Доналд Трамп ва Ким Чен Ун

Доналд Трамп ва Ким Чен Ин дар мулоқоти Ҳаной ба созиш нарасиданд. Дар ин бора Кохи сафед дар поёни мулоқоти роҳбарони Амрико ва Куриёи Шимолӣ хабар дод.

Мулоқоти ду роҳбар рӯзи панҷшанбе барпо шуд. "Ду кишвар гуфтугӯҳоро идома хоҳанд дод", - омадааст дар изҳороти маъмуритяи президенти ИМА.

Зиёфати нисфирӯзии муштараки Трамп бо Ким лағв шуд, ҳамчуноне, ки пештар аз ин маросими имзогузории санадҳо бекор шуда буд. Трамп ва Ким Чен Ун макони гуфтугӯҳоро тарк карданд.

Дар нишасти хабарӣ Трамп гуфт, ки масъалаи асосӣ дар гуфтугӯҳо бо Ким Чен Ун талаби Куриёи Шимолӣ комилан бекор кардани таҳримҳои зидди Пхенян буд, аммо ИМА инро қабул накард.

Ҳам Трамп ва ҳам котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфтанд, ки ҳамоно барои расидан ба созиш "назари мусбат доранд". Ба гуфтаи Помпео, саммити Ҳаной барои расидан ба чунин ҳадаф кумак кард, вале, мутаассифона, имкон нашуд, ки ҳамаи масир тай гардад. Трамп гуфт, ӯ мисли гузашта муносибатҳои хуб ва "дӯстона"-ро бо Ким нигоҳ хоҳад дошт.

Ба гуфтаи президенти ИМА, роҳбари Куриёи Шимолӣ ваъда кардааст, ки дигар мушаки ҳастаӣ озмоиш нахоҳад кард.Рӯзи панҷшанбе дувумин рӯзи гуфтугӯҳои Трамп бо Ким буд. Дар ин гуфтугӯҳо масъалаи халъи силоҳи ҳастаии Пхенян дар миён буд. Пеш аз оғози нишаст Трамп гуфт, тасмим надорад, барои расидан ба "созиши дуруст" шитоб кунад. Агар "муносибатҳо хуб бошанд, пас корҳое хубе анҷом хоҳанд шуд", - афзуд Трамп. Ким Чен Ин дар навбати хуб гуфт, "тамоми ҷаҳон" ба дидори онҳо нигоҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG