Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кардинал Пелл ба бадрафтории ҷинсӣ муттаҳам шуд


Кардинал Ҷорҷ Пелл
Кардинал Ҷорҷ Пелл

Додгоҳи мунсифа дар Австралия кардинал Ҷорҷ Пеллро дар содир кардани ҷиноятҳои ҷинсӣ муҷрим шинохт. Ба ин тартиб, ин баландтарин мақоми зинанизоми католикӣ аст, ки ба ҷиноятҳои ҷинсӣ айбдор шуд. Дар ин бора бахши русии Би-би-сӣ рӯзи 26-уми феврал хабар дод.

Ҳукми додгоҳ ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта содир шуд, аммо бо назардошти баъзе масоили ҳуқуқӣ аз эълонаш худдорӣ карданд. Додгоҳ таъйид кард, ки Пелл соли 1996 дар ҳуҷраи калисои Мелбурн нисбат ба ду бача иқдомоти хушунатомезро ба кор бурд. Кардинал гуноҳро комилан рад кард.

Ҳайати мунсифа далелҳои вакили Пеллро рад кард, ки иттиҳомро бепоя ва маҳсули тахайюли қурбониҳо хонд.

Ҳамчун хазинадори Ватинкан Пелли 77-сола шахси сеюм дар зинанизоми католикӣ буд. Ӯ моҳи июни соли гузашта ба кӯдакозорӣ муттаҳам шуд. Он замон Пелл рухсатӣ гирифт ва аз Ватикан ба Австралия рафт, то шахсан дар додгоҳ иштирок кунад.

Мурофиаи Пелл соли гузашта ду дафъа баргузор шуд, зеро ҳайати мунсифаи аввал натавонист ба қарори мушаххас бирасад.

Миёнаҳои моҳи декабр попи Рум Франсиск се кардиналро аз кобинаи ғайрирасмиаш хориҷ кард. Гуфта мешавад, ки ду нафари онҳо, аз ҷумла Пелл ба дастдарозии ҷинсӣ рабт доштанд.

Калисои католикӣ солҳои ахир ба силсилаи иттиҳомоти марбут ба дастдарозии роҳибон алайҳи бачаҳо ва талошҳои Ватикан барои пинҳон доштани ин мавридҳо рӯ ба рӯ шуд. Ҷанҷол моҳи август баъди нашри гузориши ҳакамони бузурги Пенсилвания сар зад. Бинобар ин санад, ходимони калисои католикӣ беш аз 70 сол бо ин ё он шева дар баробари ҳазорҳо бача ҷинояти ҷинсӣ содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG