Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шароби олуда 69 нафарро дар Ҳинд кушт


Дар натиҷаи истеъмоли машруботи олуда дар як вилояти Ҳинд 69 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 200 нафари дигар заҳролуд шудаанд. Мақомоти иёлати Ассам рӯзи 23-уми феврал гуфтанд, ҳамаи ин афрод баъди хӯрдани ҳуч, як навъ шароби маҳаллӣ, ки ғайриқонунӣ истеҳсол шудааст, заҳролуд шудаанд.

Даҳ рӯз пештар аз ин дар шимоли Ҳинд машруботи олуда бештар аз 100 нафарро кушт. Ҳиманта Бисва Сарма, вазири тандурустии иёлати Ассам ба хабарнигори «Ройтер» гуфтааст, «Мо ҳар 10 дақиқа дар бораи талафтот дар ҷойҳои гуногун гузориш мегирем. То ҳол 200 нафар муолиҷа мегиранд ва вазъи аксарияти онҳо фавқуллода бад аст.»

Азбаски дар Ҳинд мардуми зиёде машруботи босифат харида наметавонанд, бештар шароби арзони ҳуч, ки истеҳсоли пинҳониаш зиёд аст, мехаранд. Соли 2011 дар аёлати Бенгали Ғарбӣ 172 нафар баъди истеъмоли шароби олуда ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG