Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон талошҳои давлати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои музокироти сулҳро дастгирӣ мекунад.
Ӯ зимни суханронӣ дар ҷаласаи расмии бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ гуфтааст, «Тоҷикистон саъю талоши ҳукумати Афғонистони дӯсту ҳамсояи худ ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ кардани раванди сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.»
Айни замон Амрико талош дорад, Толибон мухолифони аслии давлати Афғонистонро ба музокирот бо ҳукумат мойил кунад. Бори аввал аст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди шуруи талошҳо барои музокирот бо Толибон дар бораи раванди сулҳ дар Афғонистон суҳбат мекунад.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, хатароти афзояндаи ноамнӣ дар Афғонистон метавонад, «ба амнияти кишвари мо низ бевосита таъсир расонад» ва барои ҳамин бояд мақомоти қудратӣ ҳамкориҳо судманд бо сохторҳои минтақавиро беҳтар кунанд.
Тоҷикистон, ки марзи 1400 километрӣ бо Афғонистон дорад, дар гузашта мухолифи ҳаргуна музокирот бо Толибон будааст, ки бештар аз 17 сол аст, бо ҳукумати Афғонистон меҷанганд. Дар ду се соли ахир ҳамлаву бомбгузориҳои онҳо, аз ҷумла дар манотиқи марзии Афғонистон ва наздик ба Тоҷикистон зиёд шудааст.