Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 21 феврал рамзи «Наврӯз-2019» ва намуди халтачаҳои наврӯзиро тасдиқ кард. Рамзҳои нави тасдиқшуда барои истифода машварат дода мешаванд. Халтачаҳои наврӯзӣ, ки дар он низ рамзу ангораи Наврӯз тасвир ёфтааст, барои тақдими тӯҳфаҳо пешбинӣ шудааст.
“Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз-2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст”-хабар додааст Дафтари матбуоти президент.
Халтачаҳои наврӯзӣ барои тақдими тӯҳфаҳо, аз ҷумла ба қишри иҷтимоии ҷомеа - ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон машварат мешавад.
Наврӯз аз соли 2010 бо қарори ЮНЕСКО - Муассисаи илму фарҳанги СММ ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф шудааст ва дар Тоҷикистон ҳам як иди расмӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.
Иди ҷумҳуриявии Наврӯз соли ҷорӣ дар шаҳри Норак баргузор мешавад.
Ба муносибати ин ид ҳар сол дар кишвар тӯлонитарин таътил пешбинӣ мешавад. Соли ҷорӣ ба муносибати Наврӯз мардуми Тоҷикистон аз 21 то 26 март (бо шумули рӯзҳои шанбеву якшанбе) таътил хоҳанд кард.