Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар пойтахти Бангладеш ҷони 69 нафарро гирифт


Дар натиҷаи оташсӯзии азим дар яке гӯшаҳои қадимии шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, дасти кам 69 нафар ҳалок шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, мумкин аст, теъдоди қурбониёни фалокат дар маҳаллаи Чавкбозор бештар шавад, чун амалиёти поккорӣ идома дорад. Маҳаллаи Чавкбозор таърихи 300-сола дорад.

Алӣ Аҳмад, раиси Идораи оташнишонии Бангладеш гуфтааст, зоҳиран балони гази моеъ сабаби сӯхторе шудааст, ки дар муддати кӯтоҳе ба биноҳои гирду атроф доман паҳн кардааст. Дар зери яке аз биноҳои истиқоматӣ дар ин маҳалла анбори балонҳои гази моеъ будааст ва шоҳидон гуфтаанд, ки ин балонҳо яке паси ҳам метаркид. Соли 2010 дар шаҳри Дака дар натиҷаи сӯхтор дар як анбори маводи кимиёвӣ 120 нафар ҳалок шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Палатаи ҳисоб дар Бонки Миллии Тоҷикистон тақаллуби молӣ ошкор намуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
XS
SM
MD
LG