Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО изҳороти таҳдидомези Путинро ғайриқобили қабул номид


Дабири кулли НАТО.
Дабири кулли НАТО.

Изҳороти таҳдидомези президенти Русия Владимир Путин ба ҳампаймонони НАТО "ғайриқобили қабул" аст. Ин нуктаро 19-уми феврал намояндаи НАТО дар шарҳи паёми Путин ба Маҷлиси федеролии Русия баён дошт.

Путин гуфтааст, Русия дар вокуниш ба бурунрафти ИМА аз Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз низоми мушакиеро хоҳад сохт, ки ҳадафи он на танҳо таслиҳотӣ, балки марказҳои қабули қарор дар ҳудуди ИМА ва ҳампаймононаш хоҳад буд.

Вале масъулони НАТО дар посух гуфтанд, ки дар бурунрафти ИМА аз созишномаи мазкур худи Русия айбдор аст. Паймони Атлантики шимолӣ бори дигар Москваро ба риояи созишнома даъват кард.

Намояндаи НАТО дар сӯҳбат бо расонаҳои Русия афзудааст, ки паймон мусобиқаи нави таслиҳотиро намехоҳад ва дар Аврупо силоҳи нави ҳастаӣ низ сохтанӣ нест.

XS
SM
MD
LG